11 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” оғози расмӣ бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.