Хати нави оби нўшокии КВД "Садаф" дар маҳаллаи Чашмаи Арзана»  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар маҳаллаи «Чашмаи Арзана»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби КВД «Садаф» дар ҳамбастагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иқдоми неку ибратбахш ҷиҳати таъмини доимии оби нўшокӣ амалӣ карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иншооти хати нави оби нўшокии КВД «Садаф»-ро дар маҳаллаи Чашмаи Арзана»  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бозии дӯстона бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт

Бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Семенчӣ"- Фарғона бо ҳисоби 1:1 ба охир расид.

Ин бозӣ шоми 8 сентябр дар Варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд доир гардид ва онро ҳазорон нафар мухлисони футбол тамошо намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд.

Баргузории Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғона

8 сентябр дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони тоҷику ӯзбек иштирок намуданд.

Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров

8 сентябр дар шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкориҳо омодагии худро изҳор доштанд.