Спитамен. Раиси вилоят собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат намуд

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат кард.

Абдурашид Ҷабборов 10 октябри соли 1950 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шуда, соли 1968 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1973 дар колхози ҳамонвақтаи “Украина” ҳамчун гидротехник оғоз намуда, дар давоми фаъолияти кории худ дар соҳаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла раиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Спитамен кор кардааст. Мавсуф иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизматҳояш бо як қатор медалу ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии ноҳияи Спитамен

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ҶДММ "Шири Спитамен" ва ҶДММ "25-солагии Истиқлолият" шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен” соли гузашта ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 60 садяк бунёд гардида буд ва аз ду хати истеҳсолӣ иборат аст. Дар корхона 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, шири қиёмкардашуда, сметана, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дӯғ, чакка, истеҳсол мешавад. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушкро дар бар мегирад. Истеҳсоли шири хушк, ки дар корхона ба роҳ монда шуд, дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан, он аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Шири хушк дар бозор рақобатпазир буда, инчунин, ба содирот нигаронда шудааст.

Дар ноҳияи Ашт кишти пахта идома дорад

5 апрел бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Гулшан»-и Ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт ба кишти пахта оғоз бахшида шуд.

Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, дар хоҷагии мазкур имсол 12 гектар пахта кишт мешавад ва кишоварзон тасмим доранд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникиву нигоҳубини зироат ҳосили хуб ба даст оранд. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо деҳқонон таъкид кард, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ кишти пахта бояд ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонида шуда, ба кишти баҳории зироатҳо вусъат бахшида шавад.  

Дар ноҳияи Мастчоҳ семинар-машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид

5 апрели соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ семинар-машварати вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода, сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозанинзода Нусратулло, муовинони раисони навоҳии кишоварзӣ, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва дигарон иштирок намуданд.

Таваҷҷуҳ ба рушди чорвопарварӣ ва зиёд намудани саршумори чорво

Чорводорӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аҳолии кишварро бо гӯшту шир ва корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом, яъне пашм таъмин менамояд. Бо мақсади такомул бахшидан ба соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст, ки баҳри рушд ёфтани чорводорӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар вилояти Суғд ҷиҳати пешрафти соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, барои зиёд намудани насли чорво ва саршумори он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Ин аст, ки дар вилоят ҳамасола саршумори чорвои хурду калон зиёд шуда, истеҳсоли ширу маҳсулоти гӯштӣ афзун мегардад.