Мулоқоти Раиси вилоят бо масъулони соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд

19 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.

Қабл аз оғози мулоқот роҳбари вилоят бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз қабили биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, варзишӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки асосан дар кӯчаву хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Сирдарё, Гагарин ва Истиқлол бунёд мешаванд, шинос гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуданд

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои кори конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баррасии рафти таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

18 октябри соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он рафти таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварати корӣ муовини Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбӣ ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот намуданд

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, вазифаҳои имрӯзаи Созмон, инчунин мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.