Таҷлили Рўзи Қувваҳои​ Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд, табрику таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос сари ҳар қадам эҳсос мешуд. Ин ниҳоди кудратманди кишвар аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошўбҳои хиёнаткорона, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд, ки «ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурўҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд».

Воқеан ҳам, Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерўи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон илова намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои заруриро андешида истодааст.

Бахусус, соли 2021 дар шароити зудтағйирёбанда роҳбарияти вилоят ба ҳамаи қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд сафарҳои корӣ анҷом дода, ба тамоми қисмҳои ҳарбӣ кўмакҳои моддиву молиявӣ расонида, бори дигар исбот намуд, ки беҳдошти хизмат ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар мақсади асосии давлату Ҳукумат ба шумор меравад.

Ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд будаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи давлатдории навини миллати тоҷик сафарбар сохта,  30-солагии Иҷлосияи 16–уми  Шўрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон – рўйдоди сарнавиштсози миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

Сипас, барномаи рангини консертии аҳли фарҳанг пешниҳод гардида, ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати содиқона, саҳми арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Паёми табрикии​ Раиси вилоят​ ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола, 23-юми феврал Рўзи таъсисиёбии Қувваҳои​ Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва кулли мардуми шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти корхонаи "Пахтакор Голд Текстил"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

5 феврали соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶДММ "Пахтакор Голд Текстил"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меҳриддин Юсуповро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд.

Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, иброз дошт, ки чунин ярмаркаҳо дар шаҳрҳои саноатии вилоят баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум мунтазам ташкил карда мешавад.

Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ доир мешавад то мардум бо нархи нисбатан арзон маҳсулоти ниёзи аввалияро харидорӣ намоянд.

Дар ярмарка 200 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва корхонаҳо пешниҳоди аҳолӣ гардонида шуд.

Мардум аз фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

4 феврали соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.

Зимни нишасти хабарӣ Раиси вилоят ба рӯзноманигорон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои гуногун дар соли 2021 маълумот дод. Гуфта шуд, ки соли 2021 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯйдодҳои муҳиму санаҳои таърихӣ сабт гардид ва сокинони вилояти Суғд, чун тамоми мардуми бунёдкори ҷумҳурии азизамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаву шоиста таҷлил намуданд.

Дар ин соли таърихӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба ин васила таъмини некуаҳволии мардум тадбирҳои судманду муассир амалӣ намуда, ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2021 ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 277,1 миллион сомонӣ  ворид карда шуд, ки аз нақша 192,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар соли 2021 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 миллиарду 435,2 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 157,1 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 106,9 фоизи нақша мебошад.

Дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 миллиарду 940,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 428,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 131,3 фоиз таъмин гардида, ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55,0 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли 2021 ба миқдори 1,4 миллион тонна семент ва 1,7 миллион тонна ангишт истеҳсол карда шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 117,6 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 109,6 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 4635 тонна калоба ва 7 миллиону 712,5 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар соли 2021 ба миқдори 5206,0 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 2325,5 тонна ё 80,7 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли орд 495,8 ҳазор тонна ва равғани растанӣ 4132,8 тоннаро ташкил намудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми соли 2021 дар миқёси вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 12 милиарду 299,6 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8 миллиарду 919,3 миллион сомонӣ ва чорводорӣ ба маблағи 3 миллиарду 380,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 106,0 ва 110,0 фоиз таъмин гардидааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 миллион доллари амрикоӣ сармоя, аз ҷумла 238,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 1,84 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 131,5 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 87,3 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд.

Раиси вилоят инчунин доир ба вазъ ва дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ғайраҳо маълумот дода, ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд