Дар шаҳри Хуҷанд майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва сокинони маҳаллаи “Раззоқ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд майдончаи нави варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Майдончаи мазкур дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Федератсияи футболи вилояти Суғд, саҳми соҳибкорони ватанӣ ва дастгирии волидайн бунёд ёфтааст. Масоҳати он 550 метри мураббаъ буда, тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ташаббуси наҷиби соҳибкорони ватанӣ ва саҳми волидон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонону наврасон ба машқҳои варзишӣ вазифаи муҳим ва омили асосии рушди ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад.

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода

1 ноябри соли 2025 машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат масъалаҳои ҷамъоварии ҳосили пахта ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилооти пешниҳодшуда дар вилояти Суғд соли ҷорӣ истеҳсоли 131 ҳазору 300 тонна пахта пешбинӣ гардида, то санаи 1 ноябр 105 ҳазору 530 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 80,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни таҳлили вазъи соҳаҳо таваҷҷуҳи роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдорро ба таъмини иҷрои саривақтии нақшаи кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии пурраи ҳосили пахта, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвияти корҳои кабудизоркунӣ, бунёди боғу токзорҳо ва инчунин бунёди иншооти ҷашнӣ ҷалб намуд.

Ба ноҳияи Спитамен автомашинаи BYD туҳфа карда шуд

Имрӯз дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими ҷамъбасти бистрӯзаи сеюми маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад, ки бо ҳузури роҳбарияти вилоят, масъулони соҳа ва пахтакорони пешсаф доир шуд, натиҷаҳои меҳнати заҳматкашон дар бистрӯзаи сеюми маъракаи пахтачинӣ ҷамъбаст ва ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ муайян карда шуданд.

Ноҳияи Спитамен сазовори ҷойи аввал, ноҳияи Ашт соҳибии ҷойи дуюм гардид ва дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Хуррамзамини ноҳияи Спитамен ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ дониста шуд.

Ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд

Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро карданд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода имрӯз "Муждаи зафар"-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода расонид.

Ба гуфтаи масъулон, заҳмати шабонарӯзии пахтакорон, кӯмаки ҳашарчиён ва дастгирии кормандони соҳаҳои гуногун имкон дод, ки ҳосили фаровон ҷамъоварӣ гардад.

То имрӯз аз ҷониби ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 14 ҳазору 310 тонна пахта истеҳсол карда шудааст, ки ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.

Деҳқонони заҳматқарини ноҳияи Спитамен ният доранд, ки ҳосили боқимондаро низ ҷамъоварӣ намуда, дар иҷрои нақшаи умумӣ саҳми бештар гузоранд.

Сафари Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба шаҳри Манаси Ҷумҳурии Қирғизистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар кори ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Манаси вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наздик ба 100 нафар намояндагони кишварҳои узв ширкат варзиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини якуми сардори фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб ва ҳайати ҳамроҳонаш намояндагӣ намуданд.