ПАРЧАМИ МИЛЛӢ- НИШОНАИ БАҚОИ ДАВЛАТ

24-уми ноябри соли равон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҶДММ “Инноватсияи ояндасоз” бо бренди Хадамоти ширкати таксии “Максим” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ – нишонаи бақои давдат” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур 250 адад нақлиёти ширкати “Максим” бо насби Парчами давлатӣ оро дода шуда, аз назди муҷассамаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то мавзеи муассисаи давлатии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол”-и маркази вилоят роҳпаймоӣ намуданд.

 Маросими расмии чорабинӣ бо иштироки беш аз 1000 нафар аъзои фаъол, собиқадорони ҳизб, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ин мавзеи зебо бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода оғоз гардида, мавсуф иштирокдронро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи аъзо ва чонибдорони ҲХДТ табрику муборакбод гуфта, миннатдории самимии ҳизбиёнро ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шахсан ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии ҳамешагӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабинӣ расонида, таъкид дошт, ки Парчами давлатӣ муаррифгари кишвари тозаистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи ҳамбастагӣ, ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ маҳсуб мешавад. 

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, собиқадорони ҳизб, ронандагони фаъоли таксӣ - "Максим" ва муштариёни фаъоли он бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ширкати "Максим" қадршиносӣ гардиданд.