Дар Истаравшан дар мавзӯи "Паём роҳнамои мост!"​ мулоқот доир гардид

3 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Абдуҷаббор ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ, инчунин таблиғотчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарипов, Мавлуда Шарифзода ва Муҳаммадҷон Шарифов доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Паём-роҳнамои мост!" бо фаъолони шаҳр мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, зиёиён, собиқадорони меҳнат, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ходимони дин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Мирзоанвар Аҳмедов бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакилони парлумони мамлакат мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба парлуми кишвар ва кулли мардуми диёр 23 - уми декабри соли 2022 ироа гардид, ба фаъолони ноҳия​ шарҳ доданд.

Вохӯрии гуруҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Ашт ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат

3 январ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир гардид ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон, собиқадори меҳнат Солиҷонов Нодирҷон ба сокинони ноҳия доир ба нуктаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари давлат маълумот доданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш