Рушди соҳаи тандурустии вилояти Суғд дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди соҳаи тандурустии вилоят дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

Ба муассисаҳои тиббии 8 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд компютер ва таҷҳизоти муосир тақдим гардид

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Миллати солим», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ба муассисаҳои ёрии аввалияи тиббии 8 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҷмуи компютер ва таҷҳизоти технологӣ тақдим карда шуд.

Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» баргузор гардид

27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва UNIDO ҷиҳати фароҳам овардани майдони муколамаи байналмилалӣ барои баррасии нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии МОИ, ҳамгироии онҳо ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиш ва ташаккули муҳити устувори сармоягузорӣ ташкил гардид.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш