
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Истаравшан 28 иншооти таъйиноти гуногун бо 250 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.
Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд. Маркази савдо ва хизматрасонии «Сафарбобо» дар 200 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, қассобхона ва нонвойхона иборат аст.
Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан маркази савдои «Мустафо» мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иншоот барои фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, сантехникӣ ва барқӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он 6 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардид.






