
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ – ливои озодиву истиқлоли миллӣ» баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос намуда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Баъдан сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб ба таваҷҷуҳи ҳозирин паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Парчам расонида, Парчами давлатиро рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ва фардои дурахшони ҳар сокини худогоҳу худшинос унвон намуд.






