Зиреҳбоне, ки зиреҳи Ватан шуд

Зиреҳбон Наврӯзбеков бо хуни худ исбот кард, ки номаш танҳо як вожа нест, балки рисолати зиндагии ӯ будааст.

Дар таърихи ҳар миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки мардони ҷасур бо ҷони худ саҳифаҳои зафар ва озодиро менависанд. Зиреҳбон Наврӯзбеков, ҷавонмарде, ки номаш гӯё аз азал тақдири ӯро рақам зада буд, рӯзи 24-уми декабри соли 2025 дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ба қуллаи баланди шаҳодат расид.

Волидайн ӯро Зиреҳбон ном ниҳоданд, то шояд рӯзе муҳофизи хонавода бошад. Аммо ӯ аз ин фаротар рафт — ӯ Зиреҳи Ватан шуд. Дар синни мубораки 33-солагӣ, вақте ки инсон дар авҷи орзуҳо ва нақшаҳои зиндагӣ қарор дорад, Зиреҳбон таъмини амнияти миллатро интихоб кард. Дар он шаби сарди зимистон, вақте террористон мехостанд оромии хонадони моро халалдор созанд, Зиреҳбон чун кӯҳи устувор дар пеши роҳи онҳо қарор гирифт. Ӯ нагузошт, ки пои нопок ба хоки муқаддаси мо бирасад. Ӯ ҷангид, на барои шӯҳрат, балки барои он ки мову шумо дар фазои ором нафас бикашем.

Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иҷрои нишондиҳандаҳо ва паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла масъалаҳои татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии терроризм ва экстремизм, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва мусоидати соҳибкорони ватанию хориҷиро ба рушди бемайлони соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Мирзотоҳир Набизода иброз дошт, ки фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти худро барои гирдоварӣ, таҳқиқ ва муаррифии таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намуда, номашро дар радифи донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ маълуму машҳур гардонид.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, ӯро ҳамчун ходими дурандеши давлатӣ, сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно шинохтаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш