
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент», ки рӯзҳои 12–13 декабр баргузор гардид, бо маросими тантанавии тақдими Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ ба шаҳри Панҷакент анҷом ёфт.
Ҳамакнун, шаҳри бостонии Панҷакент расман ҳамчун Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ эътироф гардид.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ҳозиринро аз номи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ин рӯйдоди муҳим шодбош гуфта, онро дастоварди арзишманди фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар арзёбӣ намуд.
Зимни суханрониҳо намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ, президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Қаддумӣ ва директори департаменти Бозори ҷаҳонии ҳунармандӣ Надия Ҳамид шомил шудани Панҷакент ба феҳристи Шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандиро натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.






