Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид

6 декабри соли равон дар бозори чорвои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини Раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, намояндагони шаҳру ноҳияҳо,  мутахассисони соҳа ва чораводорон иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи чорводорӣ тайи солҳои охир босуръат рушд намуда, саршумор ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Қайд шуд, ки чорводорӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанисозии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти босифат ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом нақши муҳим мебозад.

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

Дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ) дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар он сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода, муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон бо имкониятҳои низомии Даста — техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ ва омодагии хизматӣ — шинос шуданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ маросим оғоз ёфт.

Генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода аз номи роҳбарияти ВКД ҳайати шахсиро табрик гуфта, нақши босамари ДТММ-ро дар таъмини амният, мубориза бо ҷинояткорони хавфнок ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ кард. Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ироа намуда, саҳми Дастаи таъиноти махсусро дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими суботу оромӣ назаррас хонд.

Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол мегирад

Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз ҷамоатҳои калон ва сернуфус ба шумор рафта, имрӯз дар он беш аз 45 ҳазор нафар сокинон умр ба сар мебаранд. Мардуми заҳматқарини ҷамоат бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои орому осуда ва дастгириву таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат зиндагии шоиста дошта, баҳри рушду тараққии бештари диёри аҷдодӣ содиқона меҳнат мекунанд. 

Чоркӯҳ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба як ҷамоати рушдёбанда табдил ёфтааст, ки он самараи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати сокинони ватандӯсти ҷамоат мебошад.

Ба истиқболи ҷашни таърихии миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ татбиқи 122 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Тавре раиси ҷамоат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии "Чоркӯҳ", рақами 10 Лайсиддин Юсуфзода иброз медорад, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, роҳбарияти ҷамоат бо сокинон ҳамкории зичро ба роҳ монда, иҷрои нақшаи корҳои созандагиро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Дар натиҷа то имрӯз 90 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш