Аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд

13 сентябри соли 2025 бо ташаббуси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд аксияи умумии тозагӣ баргузор гардид.

Мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони дигар соҳаҳо иштирок намуда, соҳили Сирдарё аз партовҳо тозаву озода гардид.

Ҳудуд пурра аз партовҳо тоза карда шуда, муҳит боз ҳам зебо ва тоза гардид.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд минбаъд низ чунин иқдомҳоро идома дода, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир чораҷӯӣ менамояд. 

Таҳти унвони "Ҷавонон – таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат" ҳамоиш доир шуд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва бахши ҷавонони шаҳри Хуҷанд бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони "Ҷавонон – таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат" баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр, варзишгарон, ҷавонон ва фаъолони вилоят ширкат варзиданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатиро ба иштирокчиён ироа намуда, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба соҳаи ҷавонон ва варзиш заминаи устувори рушду пешрафти соҳа ва болоравии маънавиёти ҷомеа гардидааст.

Дар Истаравшан вакилони Маҷлиси намояндагон бо аҳолӣ мулоқот намуданд

Дар асоси нақшаи тасдиқгардида аз 1 то 10 сентябри соли 2025 вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гашта истодааст. 

Дар асоси нақшаи мазкур вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳрорзода Шӯҳрат ва Набизода Тоҳир бо интихобкунандагон дар деҳоти "Гули Сурх", "Ниҷонӣ", "Сабристон" ва "Қалъачаи Калон" баргузор гардид. 

Дар вохӯриҳо аз ҷониби вакилони ба сокинон оид ба моҳияти Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин таҳлили қонунгузории кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, доштани захираи 2 солаи маводи озуқаворӣ, истифодаи ҳар як порча замин ва гирифтани 2-3 ҳосил аз он маълумот ва маслиҳатҳои муфид дода шуданд. 

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш