Ташкили 48 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 650 ҷойи корӣ дар Суғд

Дар нимсолаи якуми соли равон бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гарида, аз ҷониби саноатчиёни вилоят ба маблағи 6,5 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2019 ум афзоиш ба 114,4 фоиз баробар мебошад.

Дар ин давра​ ба миқдори 571,8 ҳазор тонна семент ва 695,9 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шудааст.

Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи солигузашта суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин ба 133,3 фоиз ва газвори пахтагини тайёр ба 103,8 фоиз таъмин гардида.

Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 6 моҳи соли 2020 ба миқдори 252,5 ҳазор тонна орд ва 2740,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,0 ва 1,4 баробар зиёд аст.​

Давоми шаш моҳи соли 2020 бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд.

Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсоли мех, маҳсулоти сантехникӣ ва қубурҳои пластикӣ, қубур ва шиферҳои асбестӣ дар шаҳри Бӯстон, коргоҳи ҳасиббарории ҶДММ “Ширкати Азизӣ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии “Афранг пласт”, ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, корхонаи “Хуҷанд - Агро”, корхонаи дӯзандагии “Суғдиён С” дар шаҳри Хуҷанд,​ корхонаи коркарди коғази ҶДММ “Сахо ва К” дар шаҳри Гулистон, хатти нави истеҳсоли нӯшокаю афшура ва ғизои кӯдакона дар ҶСП “Оби Зулол”ва дигар иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии дар соли 2020 ба истифода додани 119 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2308 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда, то имрӯз 48 корхонаву коргоҳи нав бо 650 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардид

Дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Беморхонаи марказии ноҳия як адад нақлиёти нави ёрии таъҷилӣ дастрас карда шуд.

Нақлиёт бо таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ муҷҷаҳаз буда, барои дар сатҳи баланд ба анҷом расонидани хизматрасонии тиббӣ мувофиқ аст.

Кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни қабули нақлиёти хизматӣ барои дастгириҳои пайваста миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ” дар ДДҲБСТ

4 сентябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти  унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ”  доир гардид.

Дар кори конференсия раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва  рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Дар ҳақиқат истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз ибтидои ин марҳилаи тақдирсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ба роҳ монда шуд, ки ин падида шоистаи арҷгузорист.

Дар идома раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар мавзӯи “Истиқлол-нишони пойдории давлат ва бахту саодати миллат” баромад намуд. Гуфта шуд, ки воқеан, соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд.  Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат  истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд.

Инчунин дар конференсия  иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов дар мавзӯи “Нақши иҷлосияи Шӯрои олӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ“, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, дотсент Далер Дадоматов дар мавзӯи “Соҳибистиқлолӣ-заминаи рушди соҳибкорӣ”  баромад намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш