
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет” сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд азнавсозӣ карда шуда, рӯзи 31 март бо тарҳу ороиши нав фаъол шуд.
Сомона аз бахшҳои «Навид», «Хабарҳои рӯз», «Саноат ва иқтисодиёт», «Иҷтимоиёт», «Кишоварзӣ», «Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ», «Эълон ва озмунҳо», «Мақолаҳо», «Тамос», «Суратгузориш», «Веб-каталог» иборат буда, дорои маълумоти зарурӣ доир ба вазъи соҳаҳои гуногун, роҳбарияти вилоят, ҷадвали қабули шаҳрвандон мебошад.



Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсиаи танзими оилаи Тоҷикистон» вобаста ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд дар самти пешгирии зӯроварӣ бо иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзҳои 29-31 марти соли равон суҳбат дар атрофи мизи мудаввар баргузор гардид.
31 март дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии "Темурмалик"-и шаҳри Гулистон дуюмин фестивали вилоятии "Сайри гули лола" пуршукӯҳ доир гардид.
