Ба ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» наздик 400 000 сомонӣ мукофотпулӣ супорида хоҳад шуд

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 моҳи сентябри соли ҷорӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад. Дар ин бора 11 март қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.Тибқи ин қарор ҳайати комиссия ва ҳакамон муайян гардида, раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки даври шаҳриву ноҳиявиро дар сатҳи баланд доир ва ғолибонро қадршиносӣ намоянд.

Озмун миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён ва ходимони илмӣ-аспирантону докторантон, унвонҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ гузаронида хоҳад шуд.

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура дар Исфара ҷаласа доир гардид

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура, ки ҳамасола 14 март таҷлил карда мешавад, дар толори прокуратураи шаҳри Исфара маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода кормандони прокуратураи шаҳрро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки саҳму нақши мақомоти прокуратура дар назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин муқовимат бо экстремизм ва терроризм басо бузургу назаррас мебошад. Дар ин радиф кормандони прокуратураи шаҳри Исфара низ вазифаҳои бошарафонаи худро тавассути ба амал баровардани назорати прокурорӣ ҷиҳати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ муваффақона ва сарбаландона иҷро менамоянд.

Ҳамоиши идона ва қадршиносии кормандони воситаҳои ахбори омма бахшида ба Рӯзи матбуот

11 марти соли 2022 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамоиши идона баргузор гардид.

Муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма расонида, рӯзноманигорон ва собиқадорони соҳаро аз номи роҳбарияти вилоят ба ифтихори санаи таърихии Рўзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.​

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш