Дар Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат» 2 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан доир мегардад, беш аз 150 нафар намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард.
Форуми минтақавӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор мегардад.



Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 200 бех ниҳолҳои санавбар шинонида шуданд.
Моҳи октябр бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расида, тибқи он барои қадршиносии ғолибони озмун ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмун 490 730 сомонӣ ҷудо гардидааст.
