Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд бо амри дил ба хизмати ҳарбӣ меравад

Б1ахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи гигиенаи хўрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз нахустин ҷавонони ватандўст, меҳанпарвар, садоқатпешаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки баробари оғози даъвати баҳорӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан саҳм гузоштаву дарси мардонагӣ омўзад ва аз имтиҳони ҳаёт гузарад.

Дар тарбияи ин ҷавони ватандўст саҳми волидайни ў, бахсус падараш Юсуф Маҳмадиев, сардори Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар роҳи оҳани вилояти Суғд беназир аст, ки дар ниҳоди фарзанди хеш дўст доштани Ватан, пос доштани якпорчагии Тоҷикистони азиз, муқаддас будани ҳар як ваҷаби сарзамини аҷдодиро талқин намуда, ин ҷавонмардро дар руҳияи ватанпарастӣ ба камол расонидааст.

Панҷакент. Кишоварзон нақша доранд, ки дар 3500 гектар картошка кишт намоянд

Соли равон кишоварзони Панҷакент тасмим доранд, ки дар 3500 гектар кишти картошкаро ба роҳ монанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ бо гарм шудани фасли баҳор дар деҳоти Панҷакент кишти баҳорӣ оғоз ёфта, деҳқонон зироати гуногун кишт намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Саразм хоҷагидорон кишти картошкаро оғоз намуданд.

28 хонандаи тоҷик ба олимпиадаи "ISTEM"- и Олмон роҳхат гирифтанд

Даҳаи дуюми моҳи феврал соли равон даври муқаддамотии олимпиадаи бонуфузи “ISTEM” тариқи фосилавӣ аз фанни математика бо забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 48 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун натиҷаи бадастовардаи хонанадагони болаёқат расман эълон гардид.

Дар натиҷаи ҷамъбасти даври муқадамотии озмун ба 28 нафар хонандагони ин боргоҳи таълимӣ муяссар гардид, ки ба даври финалии озмун, ки 19-24 июли соли равон дар шаҳри Франкфурти кишвари Олмон баргузор мегардад, роҳхат бигиранд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш