30 марти соли равон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ як мошини ёрии таъҷилии муосир бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ дастрас гардид. Ин мошини ёрии таъҷилӣ сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.
Мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ тақдим гардидааст.
Чанде пеш низ бо дастгириии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон дастрас гардида буд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва бунёд кардани боғу токзорҳои нав дар талу теппаҳои бекорхобидаи деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар майдони 31 гектар ба бунёди боғи анъанавии себ асос гузошта шуда, аввалин ниҳолҳои себи навъи маҳаллӣ шинонида шуд.
