Ҳайати ситоди вилоятии «Тобистон-2022» тасдиқ гардид

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» ба имзо расид.

Тибқи ин қарор бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода кардани иншооти истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон ҳайати ситоди вилоятии «Тобистон-2022» тасдиқ гардид.

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Санаи 16-уми майи соли равон дар толори хурди муассисаи давлатии Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, аъзои Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят доир гардид.

Ҷаласаро тибқи талаботи Оиннома аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ Дилбар Самадова роҳбарӣ карда, иштирокдоронро бо рӯзнома шинос намуд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

16 майи соли ҷорӣ, соати 18:30  саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Улфатхоним Мамадшоева ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Алим Шерзамонов дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Соати 20:40-и ҳамон рӯз бо супориши Мамадбоқир Мамадбоқиров як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии сокини 29-солаи маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Замир Назришоев ба хизматчиёни Раёсати ВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш