Дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки рӯзҳои 31 июл то 7 августи соли 2022 дар шаҳри Лондони кишвари Бритониёи Кабир баргузор гардида истодааст, 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон бо ҳамроҳии як гуруҳ омӯзгори фанни забони англисӣ сафарбар гардида буданд.
Аз вилояти Суғд 30 нафар хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла 11 нафар хонандагони "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Хуҷанд, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи бонуфуз шоиста муаррифӣ намуданд.



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчоҳ мулоқот намуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот сурат гирифт.
