Рӯзҳои 12-14 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор мегардад.
Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.