Дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари вилоятӣ баргузор шуд

Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва маҷлисгоҳи "Боғи миллии Ваҳдат" ба таври амаливу назариявӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои куҳна" семинари илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ангурпарвар иштирок намуданд.

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар кишвари мо санаи 10-уми август Рӯзи варзишгарон мутантан таҷлил мешавад. Бо истифода аз фурсат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шумо, варзишгарон-муаррифгарони Ватанро ба ин муносибат табрик гуфта, саломатӣ, сарбаландӣ ва саодату комёбиҳо таманно мекунам.

Варзиш қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифгари диёр буда, яке аз воситаҳои беҳтарини ҳифзи сиҳатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дарки аҳамияти ин нукта дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Пули "Ҷашнӣ" дар Хуҷанд мумфарш карда шуд

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ бо дастгирии роҳбарияти вилоят пули "Ҷашнӣ" аз таъмир бароварда шуд.

Пули "Ҷашнӣ" дар шаҳри Хуҷанд дуюмин пули асосист, ки чанд даҳсола инҷониб мумфарш нашуда буд. Ҳамакнун бо таъмири ин пул ҳаракати воситаҳои нақлиёт бидуни мушкил сурат хоҳад гирифт.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш