Дар Хуҷанд чорабинии муштараки зиддинашъамандии "Корвони зиддимухаддиротӣ-2022" доир гардид

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор, ки 26 июн аст, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони "Корвони зиддимухаддиротӣ - 2022" доир намуд.

Корвони мазкур кори худро тибқи нақшаи чорабинии зиддинашъамандӣ дар чанд шаҳрҳои ҷумҳурӣ зери шиори “Ҷавонон зидди маводи нашъаовар” идома дода, санаи 22 июни соли 2022 ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд расид.    Дар  Кохи фарҳанги «Суғдиён» чорабинӣ доир шуд, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, варзишгарон, ҷавонони фаъоли шаҳр ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Қайд карда шуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднок амалӣ  шуда истодааст.

Дар ин раванд, аз ҷониби намояндагони Агентӣ зикр гардид, ки ҷомеа бояд дар пешгирӣ ва мубориза ба нашъамандӣ бетараф набошанд ва барои коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, насли наврасро ба варзишу интихоби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ намоянд.

Инчунин, дар доираи чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни муассисаҳои варзишии вилоят ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян карда шуда, ғолибони мусобиқа соҳиби мукофот ва тӯҳфаҳои арзишнок гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд