Маълумот дар бораи натиҷаи иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар нуҳ моҳи соли 2026

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 37014,9 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш 108,0 дарсад таъмин ва ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 27,2 дарсадро ташкил додааст.

Рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 8,0 дарсад, кишоварзӣ 9,6 дарсад, гардиши савдои чакана 22,6 дарсад, хизматрасониҳои пулакӣ 8,0 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 44,3 дарсад, баистифодадиҳии фондҳои асосӣ 42,0 дарсад, гардиши савдои хориҷӣ 27,3 дарсад ва ғайра таъмин гардид.
Дар ин замина ва дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда, нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар нуҳ моҳи соли 2026 ба андозаи 107,3 дарсад ва ба маблағи 6528,6 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 442,7 млн. сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 1283,2 млн. сомонӣ ё 24,5 дарсад зиёд мебошад.
Назар ба маълумоти пешакии мақомоти андоз дар вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ба андозаи 106,4 дарсад ва ба маблағи 1404,5 млн. сомонӣ таъмин карда шуд. Воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба 635,3 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба 769,2 млн. сомонӣ баробар гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи қисми даромади буҷети умумӣ (контингент бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ва маҳаллиро пурраю барзиёд таъмин намудаанд.
Дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли 2026 нақшаи ҳиссаҷудокуниҳо аз андозу даромадҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 104,7 дарсад иҷро карда, ба маблағи умумии 1699,0 млн. сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 76,1 млн. сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 347,0 млн. сомонӣ ё 25,7 дарсад зиёд мебошад. Инчунин, дар марҳилаи сипарӣ аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷетҳои маҳаллӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 73,6 млн. сомонӣ ва суратҳисоби захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 11,1 млн. сомонӣ маблағ гузаронида шуд.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин марҳила ба андозаи 107,2 дарсад ё ба маблағи 4059,1 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки ин дар қиёс бо нақша 272,5 млн. сомонӣ ва назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 24,6 дарсад ё 802,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи бақияи қарзи андозҳо дар нозироти андози шаҳру ноҳияҳо (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 октябри соли 2026 дар вилоят ба 259,8 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба аввали сол ба маблағи 0,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо бошад, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 297,0 млн. сомонӣ баробар шуд ва ин рақам нисбат ба аввали сол 1,5 млн. сомонӣ кам мебошад.
Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026-ум ба андозаи 98,7 дарсад иҷро гардида, барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои буҷетӣ 3762,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 50,2 млн. сомонӣ кам ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 780,5 млн. сомонӣ ё 26,2 дарсад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории пурраю саривақтии хароҷоти аввалиндараҷаю зарурии муассисаҳои буҷетӣ таъмин гардида, музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт ва аз ҳисоби пардохтҳои мазкур дар вилоят қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллии вилоят барои маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш маҷмўан 3283,5 млн. сомонӣ равона гардид, ки ба 87,3 дарсади хароҷоти умумӣ баробар аст. Дар ин давра хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум ба маблағи 706,2 млн. сомонӣ ё 27,4 дарсад ва ҳиссааш дар хароҷоти умумӣ 0,9 дарсад афзуд.
Аз ҷумла, барои маблағгузории хароҷоти соҳаи маориф 2105,7 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки 98,4 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 34,5 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии ҳамин давраи соли гузашта 491,1 млн. сомонӣ ё 30,4 дарсад зиёд буда, ҳиссаи хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумӣ ба 56,0 дарсад баробар гардид.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ дар давраи ҳисоботӣ 956,4 млн. сомонӣ ё 99,1 дарсади нақшаро ташкил дод, ки он нисбатан ба нақшаи аниқшуда 8,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Мавриди зикр аст, ки хароҷоти соҳа нисбат ба нуҳ моҳи соли қаблӣ 191,4 млн. сомонӣ ё 25,7 дарсад афзуда, ҳиссаи он дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ 25,0 дарсадро ташкил дод.
Дар марҳалаи ҳисоботӣ аз буҷетҳои маҳаллии вилоят, бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ 110,4 млн. сомонӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23,6 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 183,2 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 197,8 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 26,4 млн. сомонӣ, саноат ва сохтмон 8,6 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 51,0 млн. сомонӣ ва хароҷоти ғайра 5,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардид.
Дар нуҳ моҳи соли 2026-ум аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 617,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон субвенсия ҷудо гардид, ки маҷмўан ин маблағҳо 20,2 дарсади хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадории мақомоти маҳаллии молия оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмўъ 240,4 млн. сомонӣ ворид ва аз ин суратҳисобҳо ба маблағи умумии 199,0 млн. сомонӣ хароҷот ба амал бароварда шуд. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсус тибқи тартиби пешбинишуда ва меъёрҳои тасдиқшуда ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳиссаҷудокунӣ ба маблағи умумии 9,0 млн. сомонӣ гузаронида шуд.

Хадамоти матбуоти Сарраёсати Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд