Дар ноҳияи Ашт дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти иҷтимоӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Соҳили Сир, бо ташаббус ва дастгирии сокинони маҳал ва волидони хонандагон бинои нави дорои 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 хонанда ва як ҳуҷраи омӯзгорӣ бунёд гардид. Сохтмони иншоот соли 2020 оғоз шуда, соли 2026 дар арафа ва рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонида шуд. Арзиши лоиҳавии он зиёда аз 580 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии №13 «Марворид», воқеъ дар деҳаи Лаби дарёи Ҷамоати деҳоти Ориён, бо саҳми сокинони маҳал азнавсозӣ гардида, бо тарҳи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар баробари ин, барои муассиса иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, бунёд карда шуд. Барои амалисозии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, дар натиҷа 8 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Бо ташаббуси сокинони деҳаи Соҳили Сир инчунин зиёда аз як километр роҳи дохилии маҳал бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш карда шуд. Амалӣ гардидани ин иқдом ба беҳтар гардидани инфрасохтори маҳал, шароити рафтуомади сокинон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамлу нақли бору маҳсулот мусоидат менамояд.
Маросими ифтитоҳи иншооти мазкур бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло Ҳикматулло ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода баргузор гардид.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




