ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ АСТ!

Дар Муассисаи давлатии мактаби санъати шаҳри Бӯстон ба номи Шодмон Алифов бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Муҳаммадсаид Шоҳиён, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, фаъолон, собиқадорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Муҳаммадсаид Шоҳиён паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонид.
Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ин санаи мубораку таърихӣ ба ҳозирин расонид.
Дар идомаи чорабинӣ раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода аҳли ҷомеаро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки Истиқлол барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фазои тантанавии чорабинӣ як қатор шахсони фаъолу хизматнишондода барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, як қатор фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаҳои Раиси вилояти Суғд ва Ифтихорномаҳои раиси шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд