Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» баргузор гардид

27 августи соли 2026 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё» бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва UNIDO ҷиҳати фароҳам овардани майдони муколамаи байналмилалӣ барои баррасии нақши технологияҳои рақамӣ дар баланд бардоштани самаранокии МОИ, ҳамгироии онҳо ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиш ва ташаккули муҳити устувори сармоягузорӣ ташкил гардид.

Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло Ҳикматулло ва бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва молиявӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва логистикӣ инчунин таҳиягарони платформаҳои рақамӣ оғоз гардид.
Дар форум таъкид гардид, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҷалби сармояи босифат, ворид намудани технологияҳои муосир, рушди истеҳсолоти дорои арзиши иловашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудааст.
Вобаста ба ин як қатор ислоҳоти назаррас дар самти такмили қонунгузорӣ барои фароҳам овардани гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба модели нави идоракунӣ бо ҷалби ширкати хизматрасон барои рушди инфрасохтор, коҳиш додани пардохти солонаи истифодаи замин, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, гузариш ба низоми комплексӣ ва дароз намудани муҳлати фаъолияти МОИ, роҳандозии онлайн каталоги маҳсулот ва қабули Тартиби татбиқи принсипи «Равзанаи ягона» барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ гардиданд, ки ба коҳиши вақт ва хароҷоти маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя, рушди саноат, шуғл ва содироти кишвар таъкид гардида, қайд карда шуд, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар панҷ МОИ-и кишвар 123 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози фаъолияти дар онҳо 2196 ҷойи корӣ таъсис ёфта, қариб 2,7 млрд. сомонӣ сармоя ҷалб ва зиёда аз 4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.
Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз 18 намуд дар соли 2015 ба зиёда аз 100 намуд дар соли 2025 расида, маҳсулот ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Олмон, Ироқ, Туркия, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо содирот мешавад.
Дар доираи Форум маросими имзо созишномаҳои ҳамкорӣ, ёддоштҳои тафоҳум ва дигар санадҳои шарикӣ баргузор гардида, дар маҷмӯъ 12 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд ва беҳтарин истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони фаъоли минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ қадрдонӣ гардиданд, ки ҳадаф аз он ҳавасманд намудани соҳибкорону сармоягузорон ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд