26 август дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии агросаноатии Мастчоҳ» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо фаъолону сокинони шаҳраки Бӯстон доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Зайнура Умарзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродулло Почозода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони шаҳрак иштирок доштанд.
Дар оғоз Ғайрат Азиззода ҳозиринро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон дастоварди муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Зеро дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафт карда, шароити зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардидааст. Таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат мамлакат роҳи созандагиро пеш гирифта, дар самтҳои иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо қадамҳои назаррас ба пеш гузошт.
Гуфта шуд, ки маҳз суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ шароити мусоидро барои татбиқи барномаҳои созанда, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳалҳо фароҳам овард. Имрӯз вазифаи ҷомеа ҳифзи ин дастовардҳо ва идомаи корҳои созандагиву ободонӣ мебошад.
Дар идомаи мулоқот фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳия ва такмили қонунгузорӣ ва масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат маълумоти муфид пешкаши интихобкунандагон гардид. Ғайрат Азиззода таъкид намуд, ки қонунгузории миллӣ бо дарназардошти талаботи замон ва манфиатҳои ҷомеа пайваста такмил ёфта, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини волоияти қонун заминаи зарурии ҳуқуқиро фароҳам месозад.
Ҳамчунин, доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум андешаронӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбат, ҳамчунин, ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ҷалби онҳо ба илму дониш ва касбомӯзӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамомада таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Гуфта шуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои ҳар як шаҳрванд ба маънои арҷгузорӣ ба сулҳу субот, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бошад. Ин ҷашни фархунда ҳамзамон водор месозад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои рушди минбаъдаи кишвар ва ободии маҳалли зист саҳми бештар гузошта шавад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ фаъолону сокинони шаҳрак оид ба масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ободонии маҳал ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаву пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




