Ба муассисаҳои тиббии 8 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд компютер ва таҷҳизоти муосир тақдим гардид

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Миллати солим», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ба муассисаҳои ёрии аввалияи тиббии 8 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҷмуи компютер ва таҷҳизоти технологӣ тақдим карда шуд.

Лоиҳаи мазкур ба таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ, омодасозии онҳо ба раванди аккредитатсия, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ равона гардидааст.
Таҷҳизоти мазкур ба муассисаҳои тиббӣ тақдим шуда, барои истифодаи кормандони тиббӣ ва маъмурӣ дар фаъолияти ҳаррӯза пешбинӣ шудааст. Истифодаи чунин таҷҳизот ба беҳтар намудани ташкили кор, ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи ҳисоботҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон мусоидат хоҳад кард.
Тақвияти имкониятҳои моддию техникии муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ ҳамзамон барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати татбиқи технологияҳои рақамӣ ва риояи талаботи аккредитатсия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, тақдими таҷҳизоти муосири компютерӣ дар доираи лоиҳаи «Миллати солим» яке аз тадбирҳои муҳими таҳкими ёрии аввалияи тиббӣ буда, ба беҳтар намудани сифату дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ва рушди мунтазами низоми рақамикунонии соҳаи тандурустӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд