Мулоқоти бо интихобкунандагон дар Конибодом

Мутобиқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 август то 2 сентябри соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор мегарданд.

Дар доираи ин ташаббус 24 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Конибодом №19», раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Мулоқотро муовини якуми раиси шаҳри Конибодом Қудратуллозода Сафарбег оғоз намуда, меҳмони гиромиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва иштирокдорони вохӯрӣ хайрамақдам гуфт.
Дар вохӯрӣ фаъолони шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо, фаъолзанон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Худи ҳамин рӯз, баъд аз нисфирӯзӣ, чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Патар низ баргузор гардид. Дар он фаъолону сокинони ҷамоат, дастгоҳи ҷамоати деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳудуди ҷамоат иштирок намуда, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва масъалаҳои муҳими ҷомеа суҳбату мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд