Тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло бо интихобкунандагон, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта баргузор гардид.
Мулоқот бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони сохторҳои дахлдор, интихобкунандагон ва имомхатибони масҷидҳо баргузор шуда, масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти ҷомеа ва рушди минбаъдаи кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқотро муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Дар суханронии худ ӯ оид ба аҳамияти баргузории чунин вохӯриҳо, таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо мардум ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар дар ободиву пешрафти Ватан андешаронӣ намуд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои созанда ва ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши муҳимми истиқлол дар таъмини рушди устувори мамлакат андешаҳояшро баён кард.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардумро фароҳам овардааст. Дар ин замина, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни муҳими миллӣ бо баргузории корҳои созандагиву ободонӣ ва ташаббусҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот миёни вакил ва иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, ба саволу пешниҳодҳои интихобкунандагон посухҳои дахлдор дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




