Мулоқоти гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ

7 августи соли 2026 дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳикими худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи рушди маҳал/муовини роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод оғоз бахшида, қайд намуд ки дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза касб намуда, иншооти таъминоти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон зимни суханронӣ раиси Кумитаи рушди маҳал/муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ба масъалаи таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ таваҷҷуҳ равона шуда, иншоотҳои ҷашнӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар идомаи ҷаласа маърӯзаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба баланд бардоштани сатҳи масъулияти касбии кормандони соҳаи тиб ва огоҳии бештари ҷомеа дар самти таъмини тандурустии аҳолӣ, донистани қоидаҳои тарзи ҳаёти солим, тозагии муҳити атроф ва риояи меъёрҳои санитарӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои гуногуни сироятӣ шунида шуд.
Сипас муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода диор ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани сифати таҳсили хонандагону донишҷуён ҳамчун заминаи асосии пешрафти шахсӣ ва рушди давлат тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзиш, такмили сатҳи касбияти омӯзгорон, таваҷҷуҳи бештар додан ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ суханронӣ намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода доир ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 дар сатҳи вилоят суханронӣ кард. Қайд гардид, ки дар асоси қарорҳои дахлдори раиси вилоят бунёду азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншооти таъноташон гуногун пешбинӣ гардида буд. Бо шарофати меҳнати аҳлонаи сокинони вилоят, саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии пайвастаи роҳбари давлату ҳукумати кишвари азизамон ин нақша пеш аз муҳлат иҷро гардид. Дар солҳои 2022-2025 ва шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмон, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 14355 иншоот ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон дар рафти ҷаласа баромади муовини якуми раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Набизода оид ба амалисозии тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар дарки бештари рисолати миллиашон ҳамчун муаррифгари фарҳангу маънавиёти миллат, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва анъанаҳо, тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, риояи қонунҳои амалкунанда, сарфаю сариштакорӣ дар оила, тарғиби либосҳои миллӣ, риоя намудани фарҳанги либоспӯшӣ, гузоштани номҳои миллии тоҷикӣ ба фарзандон, ҳамзамон худдорӣ намудан аз зиёдаравӣ ва бегонапарастӣ шунида шуд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода доир ба андешидани тадбирҳои доимӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, раҳнамоии онҳо ба фаъолияти муфиди иҷтимоӣ ва ташаббускориҳои инноватсионӣ, идоракунии маҳал, омӯзиши таърих, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ва дар онҳо тақвият бахшидани ҳисси ифтихор аз миллат ва Ватан маърӯза намуд.
Дар анҷоми ҷаласа раиси Кумитаи рушди маҳал/муовини роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Камолиддин Муминзод ба намояндагони бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар доир ба иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №АП-996 доир ба “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд