35 соли Истиқлолият - 35 соли созандагӣ ва рушд

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен мулоқоти судманд бо сокинон баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, муовини раиси суди ноҳияи Спитамен Зиёзода Маҳмадулло, муовини сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Шарипов Диловар, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Тошзода Шариф ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Абдукаримов Ҷамолиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳамияти таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои давлатӣ, таъмини суботу оромӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва саҳми сокинон дар ободонии маҳал ибрози назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳар як сокини мамлакат масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва саҳми фаъолона дар корҳои созандагиро тақозо менамояд. Аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо меҳнати софдилона, истифодаи самараноки замин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба қонунгузорӣ дар рушди минбаъдаи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд