30 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода зимни нишаст иттилоъ дод, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи бунёду ба истифода супоридани иншоотҳо 100,8 фоиз иҷро гардида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 116 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Зикр гардид, ки аз ин шумора 16 иншоот ба соҳаи маориф, 12 иншоот ба тандурустӣ, 36 иншоот ба кишоварзӣ, 3 иншоот ба роҳдорӣ, 1 иншоот ба таъмини барқ, 11 иншоот ба соҳибкорӣ, 3 коргоҳи саноатӣ, 4 неругоҳи барқи обии хурд, 5 иншооти ҷавонону варзиш, 4 иншооти таъмини оби нӯшокӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ ва 18 иншооти дигар рост меоянд.
Ба иттилои раиси ноҳия ҳамзамон, дар 7 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, онҳо то ҷашни бузурги миллӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




