Дар шаҳри Хуҷанд бизнес-форуми соҳибкорони вилояти Суғд ва минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи форум Директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ҷумабой Аҳмадзода, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов ва муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзодхон Иброҳимов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории форум барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва рушди робитаҳои тиҷоратии дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни форуми «B2B» соҳибкорони ду кишвар имкони барқарор намудани робитаҳои мустақим, баррасии ҳамкориҳо, бастани қарордодҳои пешакӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро пайдо карданд.
Дар кори форум намояндагони 120 ширкати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 380 нафар соҳибкорони вилояти Суғд иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд