Озмуни вилоятии «Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ» доир шуд

Бо мақсади ҷалби бештари хонандагону наврасон ба эҷодкорӣ, навоварӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дарёфт ва ҳавасмандгардонии хонандагони дорои маҳорати баланди ҳунармандидошта, инчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 июли соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон озмуни вилоятии «Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Озмун бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Суғд доир шуда, ҳадафи он эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои ҳунармандӣ, омода намудани наврасон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик арзёбӣ гардид.
Дар чорабинӣ дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, маҳсули дастони худ ва маҳорати касбиашонро дар бахшҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо офаридаҳои ҷолибу рангин, ки бозгӯи фарҳанги миллӣ ва завқи баланди эҷодӣ буданд, таваҷҷуҳи ҳайати доварон ва меҳмононро ба худ ҷалб намуданд.
Озмун аз рӯи се номинатсия – «Намоиши беҳтарин ҳунарҳои дастии аъзои маҳфилҳо», «Кандакорӣ, дуредгарӣ ва кулолгарӣ» ва «Рассомӣ» баргузор гардида, беҳтарин иштирокчиён аз ҷониби ҳайати доварон муайян карда шуданд.
Директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Гавҳар Юнусова зимни ҷамъбасти озмун таъкид намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва тарбияи насли соҳибмаърифат пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Ӯ зикр кард, ки омӯзиши касбу ҳунар ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ омили муҳими муваффақият ва зиндагии шоистаи ҷавонон дар шароити муосир мебошад.
Дар фарҷоми озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд