Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар тарабхонаи навбунёди “Тоҷ” ба 100 нафар ятимони шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол тӯҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳим Саидзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода туҳфаҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як тарбиятгиранда тақдим намуданд. Дар ин рӯз дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ низ манзури хонандагон гардид.
Таъкид шуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Дастгирию расонидани кумак ба ниёзмандон, сила намудани сари ятимон, шод намудани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону шахсони ниёзманд яке аз хислатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллат сарчашма мегирад.
Кудакон аз туҳфаҳои Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти кишвар изҳори хушҳолӣ намуда, барои ҳамаи ғамхориҳои пайвастаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




