Ба истифода додани 3 корхонаи нав дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи коркарди хокаи кимиёвии ҶДММ «Синтай метал Суғд" ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи корхонаҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Хусрав Ғиёсов ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар доираи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.
Корхона ба коркарди ашёи хоми дуюмдараҷа, аз ҷумла маводи дорои марганетс ва сурма, машғул буда, иқтидори истеҳсолии он 3 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Ашёи хом асосан аз конҳои ноҳияи Айнӣ, дастрас гардида, қисми муайяни он аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Корхона бо технология ва таҷҳизоти муосири Ҷумҳурии Мардумии Чин муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти истеҳсолшаванда пурра ба содирот нигаронида шудааст.
Ҳоло дар корхона 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мебошанд. Баъди пурра ба иқтидори лоиҳавӣ расидани истеҳсолот шумораи ҷойҳои корӣ то 50 кас зиёд карда мешавад.
Тибқи нақшаҳои минбаъдаи рушди истеҳсолот, дар корхона коркарди пӯсти аслӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 52 субъект ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 23 субъект фаъолияти истеҳсолӣ доранд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои минтақа ба нуҳ кишвари хориҷӣ содирот карда мешавад.
Таъкид гардид, ки сиёсати дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва густариши ҷуғрофияи содироти маҳсулоти ватанӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Бунёди корхонаи коркарди хокаи кимиёвии ҶДММ «Синтай метал Суғд» дар доираи тадбирҳои созанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, барои рушди саноати кишвар, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» коргоҳи истеҳсоли биринҷ ва истеҳсоли ҷузъдонҳои мактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд