Мусобиқа оид ба футболи хурд байни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз ёфт

Бо ибтикори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фирӯз Комилов иштирок намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҳамбастагӣ миёни кормандони соҳаи тиб аҳамияти муҳим дорад.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва ҷалби аҳолӣ ба тарзи ҳаёти солим тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқа миёни 16 даста баргузор шуда, дастаҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ рақобат хоҳанд кард.
Дар анҷоми мусобиқа, ки дар арафаи иди касбии табибон дар назар дошта шудааст, ғолибон ва дастаҳои фаъол бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати тандурустии вилояти Суғд қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд