Артиши миллӣ як рукни муҳими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун сипари боэътимод дар пойдории сулҳу субот саҳми арзанда дорад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз ба Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун кафили амну субот таваҷҷуҳи бештар равона шуда, барои беҳтар намудани пояҳои моддиву техникӣ дар қисмҳои низомӣ тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Ин нуктаҳо зимни мулоқоти масъулини Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон баён гардид.
Мансур Ҳокимзода, муовини Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ-генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, ҳифзи марзу бум, таъмини амният, сулҳу осоиштагӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро вазифаи муқаддаси хизматчиёни ҳарбӣ маънидод намуд. Таъкид гардид, ки дар замони имрӯз бояд ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳушёру зирак бошад, манфиати давлату миллатро боло гузошта, дар иҷрои вазифаи пуршараф масъулияти бештар ҳис намояд. Зеро ба дӯши хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои пурмасъул ва пурифтихор вогузор шудааст.
Тавре, ки зикр гардид, хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи фарзандӣ ба ҳисоб рафта, хушбахтона бо дарки ин муҳимият ҷавонони ватандўстиву ватанпарастӣ бо амри дилу виҷдон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд. Ин раванд аз ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо дарак медиҳад.
Сардори шуъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Баҳризода таваҷҷуҳи афсарону сарбозон ва ҳайати шахсиро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб аз қабили гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, риояи қатъии оинномаҳои хизматӣ, ба ҷо овардани эҳтиром ва муносибати дӯстона бо ҳамхизматон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъалаҳои дигар ҷалб намуд. Иброз гардид, ки раванди хизмати диловарони Ватан зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар қисмҳои низомӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Зимни мулоқот ва шиносоӣ бо шароити будубоши афсарону сарбозон масъулини Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон боварӣ ҳосил намуданд, ки ин диловарони матиниродаи Ватан дар ҳама ҳолат барои ҳифзи марзу бум омода буда, хизмати ҳарбӣ ҷавононро ҳамчун мактаби шуҷоату мардонагӣ обу тоб медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомӣ пайваста чунин мулоқоту вохӯриҳо бо сарбозону афсарон роҳандозӣ гардида, бо ин васила маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ баланд бардошта мешавад.
Зеро боло рафтани маърифати ҳуқуқӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва эҳтироми ҳамхизматон мусоидат мекунад.
Дар қисмҳои низомии гарнизони Суғд чунин чорабиниҳои маърифатӣ идома доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




