Ҳаргоҳ сухан аз таърихи илм ва тамаддуни башарӣ ба миён меояд, номҳои андакро метавон ёфт, ки марзҳои замон ва маконро убур карда, ба сармояи муштарак барои ҳамаи инсонҳо табдил шуда бошанд.
Дар миёни ин бузургон, номи Шайхурраис Абӯалӣ Ҳусайн бин Абдуллоҳ бин Сино, машҳур ба Ибни Сино, бо шукӯҳе вижа медурахшад. Ӯ на танҳо яке аз бузургтарин донишмандони таърихи тамаддуни мост, балки аз барҷастатарин пизишкони таърихи башар ба шумор меравад. Донишманде, ки осор ва андешаҳои ӯ қарнҳо роҳнамои дониши пизишкии ҷаҳон буд ва ҳанӯз низ мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон ва соҳибназарон қарор дорад.
Муҳимтарин асари пизишкии Ибни Сино китоби бузурги «Ал-қонун фит-тиб» аст, асаре, ки бисёре аз муаррихони илм онро яке аз таъсиргузортарин китобҳои таърихи пизишкии ҷаҳон медонанд. Ин донишномаи азими пизишкӣ ҳосили солҳои мутолеа, таҷриба ва мушоҳида буд ва дар он дониши пизишкии Юнон, Эрон, Ҳинд ва ҷаҳони ислом бо навовариҳо ва ёфтаҳои шахсии Ибни Сино даромехта аст.
Ибни Сино дар ин асар ба аҳаммияти мушоҳида ва таҷриба дар тибобат таъкид мекунад ва пизишконро ба диққат дар муоинаи беморон фаро мехонад. Бисёре аз равишҳое, ки ӯ барои ташхиси бемориҳо матраҳ карда буд, то қарнҳо дар марказҳои илмии ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт.
Аз муҳимтарин дастовардҳои Ибни Сино дар пизишкӣ метавон ба тавсифи дақиқи бархе бемориҳои вогирдор, баррасии бемориҳои асаб ва равонӣ, табйини нақши авомили муҳитӣ дар саломатии инсон, табақабандии доруҳо ва таваҷҷуҳ ба пешгирӣ аз бемориҳо ишора кард. Ӯ ҳамчунин бар аҳаммияти ғизо, варзиш, беҳдошти фардӣ ва таодули рӯҳ ва ҷисм таъкид дошт, мавзӯҳое, ки имрӯз низ аз усули асосии пизишкии замони муосир ба шумор мераванд.
Ҷойгоҳи ҷаҳонии Ибни Синоро метавон аз сарнавишти китоби «Ал-Қонун» дарёфт. Ин асар пас аз тарҷума ба забони лотинӣ, ба суръат дар Аврупо густариш ёфт ва наздик ба шаш аср дар мӯътабартарин донишгоҳҳои пизишкии Аврупо тадрис мешуд.
Дар Тоҷикистон, номи Ибни Сино бо эҳтироми вижа ёд мешавад. Донишгоҳҳо, марокизи омӯзишӣ, китобхонаҳо, хиёбонҳо ва ниҳодҳои илмии мутааддиде ба номи ӯ музайян шудаанд. Осори ӯ дар мадорис ва донишгоҳҳо муаррифӣ мешавад ва зиндагӣ ва андешаҳояш ба унвони намунае аз донишдӯстӣ, талоши илмӣ ва хидмат ба башарият мавриди таваҷҷуҳи насли ҷавон қарор дорад.
Дар солҳои ахир низ таваҷҷуҳ ба мероси Ибни Сино дар Тоҷикистон вусъати тоза ёфтааст. Баргузории ҳамоишҳои илмӣ, интишори осори пажӯҳишӣ, тарҷума ва бознашри навиштаҳои ӯ ва ҳимояти мутолеоти Ибнсинопажӯҳӣ, бахше аз талошҳое аст, ки барои зинда нигоҳ доштани ёд ва андешаи ин нобиғаи бузург сурат мегирад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи тиб» нишондиҳандаи ҷойгоҳи волои ин андешманд дар сиёсати фарҳангӣ ва илмии кишвар аст.
Имрӯз ки ҷаҳон бо муаммоҳои печидаи илмӣ ва пизишкӣ рӯ ба рӯст, бозхонии мероси Ибни Сино метавонад илҳомбахши насли нави пажӯҳишгарон бошад. Ӯ намунае равшан аз пайванди илм, ахлоқ, хирад ва масъулияти иҷтимоӣ аст. Ибни Сино илмро абзоре барои хидмат ба инсон медонист ва тамоми зиндагии худро вақфи ҷустуҷӯи ҳақиқат ва коҳиши ранҷи инсонҳо кард.
Бетардид, Ибни Сино мероси муштараки башарият аст. Барои миллати тоҷик бошад номи ӯ фаротар аз як шахсияти таърихӣ аст. Ибни Сино намоди шукуҳи илмии ниёкон, ҷилвае аз тавоноиҳои фикрии ин сарзамин ва гувоҳе равшан бар саҳми бузурги фарзандони миллати тоҷик дар шаклгирии тамаддуни ҷаҳонӣ аст.
Ҳазор сол аз рӯзгори Ибни Сино гузаштааст, аммо андешаҳои ӯ ҳамчунон зиндаанд. Китобҳояш ҳанӯз хонда мешаванд, назарияҳояш ҳанӯз баррасӣ мешаванд ва номаш ҳамчунон дар мӯътабартарин марказҳои илмии ҷаҳон бо эҳтиром ёд мешавад. Ин мондагорӣ, бузургтарин гувоҳ бар азамати марде аст, ки аз миллати мо бархост ва ба яке аз ҷовидонатарин чеҳраҳои таърихи илм ва тибби ҷаҳон табдил шуд.
Зулола Осимӣ,
сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров




