Ҳифзи муҳити зист - заминаи рушди устувор ва ояндаи сабз

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

Ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад.

Ин сана бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз муҳимтарин рӯзҳои экологӣ пазируфта шуда, аҳамияти ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолиро бозгӯ мекунад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои бузург, дарёҳои мусаффо ва гуногунрангии бойи биологӣ мебошад, ин рӯз аҳамияти махсус дорад.
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки беш аз 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Манзараҳои зебои табиӣ, пиряхҳои азим, кӯлҳои нодир, набототу ҳайвоноти гуногун ва захираҳои фаровони обӣ сарвати бебаҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳифзи ин неъматҳои табиӣ на танҳо вазифаи мақомоти соҳавӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Зеро муҳити солим омили муҳими таъмини зиндагии шоиста, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтаанд. Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барномаҳои гуногуни давлатӣ амалӣ гардида, барои ҳифзи муҳити зист, пешгирии ифлосшавӣ, барқарорсозии ҷангалзорҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти ҷиддии экологӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, биёбоншавӣ, камбуди оби ошомиданӣ ва ифлосшавии муҳити атроф рӯ ба рӯ мебошад. Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари кӯҳистон таъсири ин равандҳоро эҳсос мекунад. Аз ҷумла, обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба захираҳои обӣ ва амнияти экологию иқтисодии минтақа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба рӯзномаи созмонҳои байналмилалӣ ворид гардидаанд. Маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон шуд. Ин иқдом таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ бештар намуд.
Ҳамчунин, дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардиданд. Ин ташаббус барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба дастрасӣ ба об заминаи мусоид фароҳам овард. Баъдан, бо пешниҳоди навбатии Тоҷикистон солҳои 2018–2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардиданд, ки имрӯз низ дар сатҳи ҷаҳонӣ татбиқ шуда истодаанд.
Ин ташаббусҳо аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ шаҳодат медиҳанд. Маҳз тавассути чунин иқдомҳо кишвари мо ҳамчун ташаббускори масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи баланд пайдо кардааст.
Тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо, пешгирии партоврезии худсарона, сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқ, шинонидани дарахтон ва муносибати эҳтиёткорона ба табиат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки ҳар як шаҳрванд метавонад барои ҳифзи муҳити зист анҷом диҳад. Баланд бардоштани маърифати экологӣ, махсусан миёни ҷавонон, яке аз роҳҳои муҳимтарини таъмини рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист имкони хубест, то ҳар як сокини кишвар дар бораи масъулияти худ назди табиат андеша намояд. Табиат сарвати умумии мост ва ҳифзи он кафолати зиндагии осоиштаву солим барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.

Улуғбек Ҳасанов,
мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов