3 июни соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷоияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони зерсохторҳои вазорату идораҳои ҳудудии вилоят ва дигар масъулин семинари омӯзишӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинар ин муаррифии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ба ҳисоб рафта, дар рафти он намояндаи Агентӣ мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро дар самти муқовимат ба коррупсия муфассал шарҳ дода, вобаста ба механизмҳои амалигардонии он барои иштирокчиён тавзеҳ доданд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода муҳиммияти масъалаи баррасишаванадаро таъкид намуда, қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳои омўзишӣ натанҳо сатҳи маърифати зиддикоррупсионии кормандонро баланд мебардорад, балки ба ташаккули фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсионӣ ва амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




