Бо гарм шудани ҳаво ва фаро расидани фасли тобистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, бунёду таъмири роҳҳои маҳаллӣ идома дорад.
Дар ҳамин замина, дар Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо иштироки роҳбарияти ноҳия ба мумфаршкунии роҳи дохилӣ оғоз бахшида шуд. Дар маросими оғози корҳо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фаъолон ва сокинони ҷамоат иштирок намуданд.
Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Ғазантарак Таҳмина Тӯйчизода иттилоъ дод, дар доираи ин иқдом 1 километр роҳ мумфарш карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии ҷавонони соли таваллудашон 1989 ва саҳмгузории сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани вазъи роҳҳо мебошад.
Бо роҳандозии чунин ташаббусҳо симои деҳот боз ҳам зеботар гардида, барои рафтуомади сокинон ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам меояд.
Сокинони ҷамоат аз иқдоми ҷавонон ва дастгирии аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки корҳои ободонӣ дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи маҳалҳои ноҳия идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич лоиҳаҳои гуногун дар самти ободониву бунёдкорӣ амалӣ гардида, саҳми сокинон дар пешрафти маҳалҳо назаррас мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




