«Ту бар таърих пирӯз омадӣ». Дар Бӯстон ҳамоиш баргузор шуд

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Ту бар таърих пирӯз омадӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи гиромидошти хизматҳои фарзандони барӯманди миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад, инчунин таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон доир шуд.
Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои қудратӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин устодону донишҷӯён ва сарбозон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ин чеҳраҳои таърихӣ дар марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории тоҷикон саҳми бузург гузошта, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди худшиносии мардум хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Ҳаёт ва фаъолияти онҳо мактаби бузурги ватандӯстӣ барои наслҳои имрӯза арзёбӣ шуд.
Иштирокчиён инчунин саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи ин шахсиятҳо бо овардани мушти хоки онҳо ба Ватан муҳим арзёбӣ карданд.
Дар анҷом, як қатор фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд