Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре Раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Хуршед Мавлонов хабар дод, ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ бунёд ва азнавсозии 16 иншоот ба нақша гирифта шуда, иҷрои нақша пурра таъмин гардидааст. Дар баробари ин, бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳми фаъолонаи сокинон корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар як қатор иншооти иловагӣ низ идома доранд.
Аз ҷумла, имрӯз дар муассисаи томактабии шаҳрак корҳои таъмири асосӣ ва азнавсозӣ оғоз гардида, айни замон кандани хатҳои канализатсионӣ ҷараён дорад. Баъди анҷоми ин марҳила корҳои пурраи таъмир ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия амалӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои ободонӣ кӯчаҳои Сохтмончӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ ва Рафоқат ба масоҳати зиёда аз 13 ҳазор метри мураббаъ мумфарш карда шуданд. Ин иқдом барои беҳтар намудани инфрасохтори шаҳрак ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки дар шаҳраки Зарнисор 2670 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва сокинон дар баробари сохторҳои давлатӣ дар татбиқи корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми назаррас мегузоранд. Маҳз ҳамкории судманди аҳолӣ бо мақомоти маҳаллӣ имкон фароҳам овардааст, ки симои шаҳрак рӯз ба рӯз зеботар гардида, шароити зиндагии мардум беҳтар шавад.
Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳраки Зарнисор тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дошта, сокинон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




