Ҷаласаи Ситоди "Тобистон - 2026" баргузор гардид

Санаи 29 майи соли ҷорӣ дар дар толори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ҷаласаи ситоди вилоятии “Тобистон-2026” оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026 таҳти роҳбарии раиси ситод, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои ситод, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони масъули Раёсати маорифи вилоят, Раисони Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касабаи вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф ва раисони кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва намояндагони Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати Хадамоти оташнишонии вилоят иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи ситоди “Тобистон-2026” рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №91 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 27 апрели соли 2026, №102 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026”, инчунин рафти омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, раиси ситод аз масъулини соҳаҳо оид ба рафти омодагиҳо барои қабули кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва дигар масъалаҳои баррасӣ гардида пурсишҳо ба амал оварда, оид ба бартараф намудани норасогиҳои мавҷуда ва дар сатҳи зарурӣ омода ва баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026 вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд